• 1 minute ago
Ту маро ҷону ҷаҳонӣ, чӣ кунам ҷону ҷаҳонро?
Ту маро ганҷи равонӣ, чӣ кунам суду зиёнро?
Нафасе ёри шаробам, нафасе ёри кабобам,
Чу дар ин даври харобам, чӣ кунам даври замонро?
Зи ҳама халқ рамидам, зи ҳама боз раҳидам,
На ниҳонам, на падидам, чӣ кунам кавну маконро?
Зи висоли ту хуморам, сари махлуқ надорам,
Чу туро сайду шикорам, чӣ кунам тиру камонро?
Чу ман андар таги ҷӯям, чӣ равам, об чӣ ҷӯям?
Чӣ тавон гуфт, чӣ гӯям сифат ин ҷӯи равонро?
Чу ниҳодам сари ҳастӣ, чӣ кашам бори куҳеро?
Чу маро гург шубон шуд, чӣ кашам нози шубонро?
Чӣ хушӣ, ишқ, чӣ мастӣ, чу қадаҳ бар кафи дастӣ,
Хунук он ҷо, ки нишастӣ, хунук он дидаи ҷонро!
Зи ту ҳар зарра ҷаҳоне, зи ту ҳар қатра чу ҷоне,
Чу зи ту ёфт нишоне, чӣ кунад ному нишонро?
Ҷиҳати гавҳари фойиқ ба таги баҳри ҳақоиқ,
Чу ба сар бояд рафтан, чӣ кунам пои давонро?
Ба силоҳи аҳадӣ ту, раҳи моро бизадӣ ту,
Ҳама рахтам ситадӣ ту, чӣ диҳам боҷситонро?
Зи шуъои маҳи тобон, зи хами турраи печон
Дили ман шуд сабук, ай ҷон, бидиҳ он ратли гарон-ро.
Манигар ранҷу балоро, бинигар ишқу валоро,
Манигар ҷавру ҷафоро, бинигар сад нигаронро.
Ғамро лутф лақаб кун, зи ғаму дард тараб кун,
Ҳам аз ин хуб талаб кун фараҳу амну амонро.
Биталаб амну амонро, бигузин гӯшагиронро,
Бишунав роҳдиҳонро, макушо роҳи даҳонро.
#fazelmondani Fazel Mondani #Rumi Rumi Quotes

Category

🎵
Music

Recommended